Год: 2021

ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР. Имрӯз дар намоиши «Китоби Душанбе» 1 ҳазору 600 номгӯй асар пешниҳоди сокинон ва меҳмонон гардонида шуд

Имрӯз шурӯъ аз соати 08:00 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Китоби Душанбе» намоиш-фурӯши китоб оғоз гардид, ки дар он 14 муассисаи нашриёти ватанӣ бо теъдоди 25 ҳазор нусха зиёда аз 1 ҳазору 600 номгӯй китобро пешниҳоди сокинон ва меҳмонон гардониданд. Дар намоиш-фурӯши бузург Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, мувинони вазири […]
Идома...

Пагоҳ дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши бузурги китоб баргузор мегардад

Пагоҳ, 20 август дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зери унвони «Китоби Душанбе» намоиш-фурӯши бузурги китоб бо тахфифи 30 фоиз баргузор мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Дар намоиш-фурӯш ноширони […]
Идома...

Дар Душанбе даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба нақши китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров доир гардид

Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» даври чоруми маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» баргузор гардид. Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар медиҳад, маҳфил-озмун бахшида […]
Идома...

Нимсолаи аввал ҷамъбаст гардид.

Санаи 14 июли соли 2021, дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи ҷамъбасти нимсолаи аввали соли 2021 доир гардид. Дар кори ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин иштирок дошт. Вазир ҳисоботи директори МД ММПИ Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбекро барои нимсолаи якуми […]
Идома...

Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ

Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ  Санаи 25 июни соли 2021, бо ибтикори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ» ташкил ва баргузор гашт. Дар кори Конфронс зиёда аз […]
Идома...

«МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ СУМЗ 2021»

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи донишҷуён, мутахассисони соҳаҳои гуногун, инчунин навоварон ва соҳибкорони ҷавон мерасонад, ки Хадамоти федералии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия (Роспатент) дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ва Академияи моликияти зеҳнии Россия (РГАИС) аз санаи 28 июн то 9 июли соли […]
Идома...

Муаррифӣ: Атахон Сайфуллоев «Уфуқҳои тозаи наср»

      Асари илмӣ-тадқиқотии нависанда ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик А.Сайфуллоев «Уфуқҳои тозаи наср» ба масъалаи хеле муҳим, яъне баррасии инкишофи насри тоҷикӣ дар даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст. «Уфуқҳои тозаи наср» аввалин тадқиқоти фарогирест, ки асосҳои илмии он устувор буда ва то ҷое сухани нав дар адабиётшиносии тоҷикӣ ба шумор меравад.     […]
Идома...

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСА ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2021

Санаи 20 апрели соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи Муассиаи давлатии «Маркази миллии  патенту иттилоот» (МД ММПИ)-и  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти МД ММПИ дар семоҳаи аввали соли 2021  бо иштироки васеъи кормандони Муассиса   баргузор гардид. Ҷаласаро Директори МД ММПИ  Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек   бо сухани ифтитоҳӣ  оғоз намуда, ҷиҳати  фаъолияти  семоҳаи аввал […]
Идома...

Наврӯз муборак!

Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!         Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад! Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам! Чеҳраи поку дилафрӯз муборак бошад! Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон […]
Идома...