ЭЪЛОН!!!
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади баланд бардоштани мавқеъи маҳсулоти ватанӣ дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои истеҳсолии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди миллии Тоҷикистон»-ро эълон менамояд. Ҳадафи асосии озмуни мазкур, муайян намудани нишонаи Бренди миллии […]